Гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро «вабои аср» аст
Душанбе, 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарои ба ном «Давлати исломӣ» вабои аср ва дарди ҷомеаи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа гардидааст.
Ин нуктаро раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 7 июл дар нишасти матбуотӣ таъкид дошта, афзуд, ки ҳеҷ як мақомот дар алоҳидагӣ наметавонад бар зидди ин вабо муқобила кунад. Ӯ гуфт, ҷамеа бояд бетараф набошад ва ҳама дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор мубориза баранд.
Мавсуф аз шомилшавии ҷавонони тоҷик ба чунин гурӯҳҳо изҳори таассуф карда, зикр дошт, ки он ҷавононе, ки бо роҳҳои гуногун ба гурӯҳҳои тундрави Сурия мепайванданд, дониши комили на дунявӣ доранд, на исломӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






