Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД 87-сола шуд

Июль 30, 2015 09:04

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 87-сола шуд. Ин хадамот соли 1928 таъсис ёфта, солҳои дароз кафили бехатарии мардум буд. 
Омили асосии ин соҳа доимо дар ҳолати омодабош қарор доштан мебошад. 
Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфтааст. 
Дастаи мазкур бо ташаббуси Фёдор Иванович Зайтсев созмон ёфта, аз 10  сўхторнишон иборат буд. Барои хомўш намудани сўхтор оташнишонон ба воситаи аробаю асп ба ҷои ҳодиса баромада, хатарро бартараф менамуданд. 
Дастаи оташнишонон бо як адад насоси дастӣ, ду адад зарфи об ва 180 метр рўдаҳои сўхторхомўшкунӣ муҷаҳҳаз буд. 6 июни соли 1930 аввалин мошини дастаи оташнишонӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, ҳайати кормандон ба 12 нафар расид. Аз солҳои 30-юм сар карда, дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Ленинобод,  Конибодом, Панҷ, Исфара ва Ӯротеппа таъсис ёфтанд. 
Соли 1936 дар пойтахт тими дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол тимҳои дигари оташнишонӣ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ таъсис ёфтанд. Пеш аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи тимҳои оташнишонии ҷумҳурӣ то 20 адад расида буд. Кормандони тимҳои мазкур дар сафи дигарон ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми назаррас гузоштанд.
Бар замми миқдори зиёди ордену медалҳо ду нафар оташнишон: Ҳоваҷи Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новоселтсев ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуданд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пурра намуда, сўхторҳоро хомўш менамуданд. 
Ба ғайр аз ин онҳо дар сохтмонҳои канали Ҳисору неругоҳи барқи Варзоб ва даҳҳо сохтмонҳои аҳамияти стратегӣ доштаи ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузоштаанд. Онҳо бо Байрақи сурхи сайёри Кумитаи иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе чандин маротиба қадрдонӣ  шудаанд. 
Дар мубориза барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон 17 корманди СХДО ВКД ҷони худро нисор кардааст. Дар тараққӣ ва барқарор кардани СХДО баъди барқарор кардани сохти конститутсионӣ хатмкардагони мактабҳои олии собиқ ИҶШС, аз ҷумла роҳбарони он Каримов М., Шарифов М., Иброҳимзода Н., Салоҳиддинов Қ.С., Ҳусейнов М.Қ., Назарзода Х.Б., Суфизода Р.А., Исмоилов Р.К., Аюбов Н., Исломов Т.З., Сафаров Н., Рузиев М., Ҳалимов Ф., Шамиров Ш, Шолангаров А., ва чанде дигарон саҳми босазо гузоштаанд.
Дар  ҷузъу томҳои СХДО корҳои таҷҳизонидани стансияҳои хурд (дохилӣ) бо гузоштани операторҳои телефонии рақамӣ, иваз намудани мошинҳои барқии хатнависӣ ва компютерҳо, васл намудани таҷҳизоти сабти овоз ва бақайдгирии онҳо дар Сарраёсат, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва баромадан ба почтаи электронӣ гузаронида шуд.
Ба туфайли истиқлолият 67 мошини оташнишонӣ ва 49 нақлиёти фаврӣ-хизматии сабукрав харид шудааст.
Бо ташаббуси роҳбарият СХДО ВКД соли 2009 дар факултаи таҳсили рўзонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор гурўҳи «Бехатарӣ аз сўхтор» ташкил шуд, ки ба он 25 нафар дохил шуд. Ҳоло ин курсантҳо аллакай академияро хатм намуда, дар ХДО фаъолият доранд.
Кушодашавии қисми дуюми оташнишонӣ- яке дар НБО-и «Сангтӯда» ва дигаре дар НБО-и «Роғун» низ дастовардҳои давраи истиқлолият ба шумор мераванд, ки ин қисмҳо амнияти бехатарӣ аз сўхтори иншооти номбурдаро пурра таъмин менамоянд.
Зикр кардан зарур аст, ки дар баробари дигар дастовардҳо бо ташаббуси роҳбарияти имрўзаи СХДО, бахусус сардори он полковники хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозимҷон, инчунин дастгирии бевоситаи вазири корҳои дохилӣ  Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори аввал пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шўравӣ, дар ҷумҳурӣ 26 қисму дидбонгоҳи алоҳидаи оташнишонӣ таъсис дода шуд. 
Хадамоти давлатии оташнишонии имрўзаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои таъмини ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сўхтор доим омодааст.

Сарраёсати Хадамоти давлатии 
оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2015 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад