Хароб гардидани муҷассамаи «шери сангӣ» аз дасти ДИИШ
Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода).-Муҷассамаи «шери сангӣ»-и осорхонаи шаҳри Палмира аз ҷониби аъзои ДИИШ хароб карда шуд. Маъмун Абдулкарим, мудири идораи осори бостонии Сурия ба «Франспресс» гуфт : Ин муҷассамаи машҳур бо номи «Лот» аз осори ҳунарии беназир буд. Ӯ афзуд, аъзои ДИИШ ин шерро, ки 3 метр баландӣ ва 15 тонна вазн дошт, аз байн бурданд. Маъмун Абдулкарим ҳамчунин таъкид кард, ки ҳаргиз тасаввур намекардем, ки ДИИШ то ин андоза ваҳшӣ бошад. Мавриди зикр аст, ки ин муҷассама дар қарни аввали пеш аз милод сохта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






