Хатлон: иҷрои қисми хароҷоти буҷети вилоят 96 % таъмин гардид
Кӯлоб, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода аз дастовардҳои соҳаҳои иктисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар 6 моҳи соли равон ба хабарнигорон маълумот дода, афзуд, ки иҷрои қисми хароҷоти буҷети вилоят 96 % таъмин гардида, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 541 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 299,3 миллион сомонӣ, тандурустӣ 124,9 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,1 миллион сомонӣ, коммуналӣ 13,9 миллион сомонӣ, варзиш 1 миллион сомонӣ, фарҳанг 15 миллион сомонӣ ва нақлиёту коммуникатсия 5.5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Инчунин зикр гардид, ки дар ин давра 34 ҳазору 192 ҷойи кор ва барқароршуда муҳайё гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6603 ҷойи кор зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






