Хоҷагиҳои ҷангали Суғд нақшаи барқароркунии ҷангалро иҷро накарданд
Душанбе,21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд дар майдони 308 гектар ҷангал бунёд карда, нақшаро барзиёд иҷро намуданд»,- зикр намуд директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ 21 июл. Хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, ҳамчунин хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ба ғайр аз хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Нуробод, «Ромит»- и шаҳри Ваҳдат ва Роғун корҳои бунёди ҷангалро пурра таъмин намуданд.
Азизулло Исматзода иброз дошт, ки иҷрои нақшаи барқароркунии ҷангалзор дар хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд суст ба роҳ монда шуда, ба ҷои 164 гектари нақша, ҳамагӣ 22 гектар таъмин гардидаасту халос. Дар вилоят ба ғайр аз хоҷагиҳои ҷангали шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар дигар хоҷагиҳо корҳо оид ба барқароркунии ҷангал гузаронида нашудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






