Иброҳим Усмонов: «Ҳукумат кафолати якумрии мухолифинро ба зимма нагирифта буд»
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мусоҳибаи АМИТ «Ховар» бо собиқ мушовири президенти Тоҷикистон, профессор Иброҳим Кенҷаевич Усмонов
АМИТ «Ховар»: Шумо яке аз иштирокчиёни фаъоли музокироти чандинсола барои расидан ба сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ будед, шоҳиди бевоситаи муҳимтарин лаҳзаҳои ба имзорасии сулҳ ҳастед. Вобаста ба ҳамин, ба унвони созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон нома навиштани ҲНИТ-ро чӣ гуна метавон шарҳ дод?
Иброҳим Усмонов: Воқеан ҳам ҳукумат ва иттиҳоди нерӯҳои мухолифин – ИНОТ ду тарафи сулҳ ҳастанд. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аз якчанд гурӯҳҳо ва ҳизбҳо иборат буд: ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби демократи Тоҷикистон, Маркази координатсионии қувваҳои демократии Тоҷикистон дар Россия, Фонди «Умед» ва дар ибтидо, ҳаракати «Растохез». ҲНИТ дар аввал ҳизби наҳзат ном надошт; ҳаракати наҳзат ё наҳзати ислом номида мешуд.
Дар протоколи ҳарбӣ (низомӣ) банди махсус дарҷ шудааст, ки давраи халъи силоҳ шудани аскарҳои оппозитсион, давраи ба сарбозони ҳукумат ҳамроҳ шудани аскарҳои оппозитсион, замоне ба амал меояд, ки ИНОТ аз блоки (қувваи) ҳарбӣ-сиёсӣ ба блоки оддии сиёсӣ табдил мешавад. Ин сухан дар протокол қайд карда шудааст. Тибқи ҳамин протокол 8-уми августи соли 1999 ҳизби наҳзати ислом, ҳизби демократ ва ғайраҳо ба сифати ҳизбҳои алоҳида пайдо шуданд. Иттиҳоди ҳарбӣ-сиёсии ИНОТ ҳамон вақт ба охир расид, фаъолияташ анҷом ёфт. Баъд аз ҳамин сана дигар ин ташкилот, яъне ИНОТ вуҷуд надорад; иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки дар масъалаи сулҳ бо ҳукумат шартнома имзо карда буд, дигар чунин иттиҳод вуҷуд надорад.
Ҳизбҳои алоҳидае, ки дар таркиби ИНОТ буданд, вуҷуд доранд. ҲНИТ низ аз ҷумлаи ҳамон ҳизбҳоест, ки дар таркиби ИНОТ вуҷуд дошт, вале ин имрӯз ИНОТ нест, ин як қувваи дигари оппозитсионии муосири ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз рӯйи барномаи худаш амал мекунад. Ин нерӯи мухолифин ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пештара ягон умумият надорад. Ба кадом маъно? Чунки, ҳатто дар интихоботи президентии соли 1999 як гурӯҳе аз аъзои ҲНИТ, аз ҷумла ҷаноби Тураҷонзода ва ҳамроҳони он кас, як гурӯҳ аъзои ҳизби демократии Тоҷикистон бо роҳбарии М.Искандаров номзадии президент Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда буданд, вале қувваи дигари ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии ҷаноби Нурӣ номзадии Давлат Усмонро дастгирӣ карданд. Қувваи дигари демократҳо бошад номзадии Қувватов Султонро дастгирӣ карданд, яъне аллакай дар соли 1999 Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион, ки айни ҳол дар бораи он ҳарф мегӯем, вуҷуд надошт. Ҳоҷати гуфтан ҳам нест, ки имрӯз он иттиҳод вуҷуд надорад.
Дар баробари ҳамин оё ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон метавонад, ки ба касе муроҷиат кунаду манфиати худро пеш гузорад? Дар хусуси муроҷиати онҳо ба кафилони сулҳ мехоҳам як нуктаро қайд кунам. Дар бораи кафилони сулҳи Тоҷикистон протоколи алоҳида санаи 28-уми майи соли 1997-ум дар Теҳрон ба имзо расидааст. Мувофиқи протоколи мазкур созмонҳои байналхалқӣ аз ҷумла СММ, Созмони конфронси исломӣ, ҳамчунин дигар кишварҳо барои давраи гузар дар Тоҷикистон ҳамчун кафили сулҳ баромад мекунанд. Давраи гузар дар Тоҷикистон аз замони ба имзорасии Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ, яъне 27-уми июни соли 1997 то 31-уми марти соли 2000-ум давом кард. Кафилони сулҳи Тоҷикистон маҳз барои ҳамин давра ташкил шуда буд. Яъне он мамлакатҳо ва созмонҳо дар ҳамин давра кафили сулҳи Тоҷикистон буданд. Барои таъмини кафолати сулҳи Тоҷикистон гурӯҳи «Робита» ташкил шуда буд. Роҳбари гурӯҳи «Робита»-ро намояндаи СММ таъин мекард. Гурӯҳи «Робита» 18-уми апрели соли 2000-ум кори худро ба анҷом расонида расман изҳорот паҳн карда буд, ки «Ба сабаби дар Тоҷикистон барқарор шудани сулҳ, ба сабаби ба вуҷуд омадани оштии миллӣ ва ҷорӣ шудани ҳамкориҳо гуруҳи «Робита» фаъолияти худро расман ба анҷом мерасонад».
Ба ибораи дигар ҳар он масъулияте, ки ҳукумат дар масъалаи сулҳ бо ИНОТ ба зиммаи худ гирифта буд ба ҳамон давраи гузариш тааллуқ дошт. Дар Низомномае, ки моҳи феврали соли 1997-ум дар Машҳад ба имзо расидааст, гуфта шудааст, ки давраи гузариш муддати якуним-ду сол давом мекунад ва дар охири давраи гузариш дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Яъне, барпошавии интихоботи парлумонӣ ин ба охиррасии давраи гузариш мебошад.
Ҳукумат кафолат нагирифтааст, ки якумр ҳамроҳи ин нерӯҳо масъалагузорӣ кунаду созиш кунад. Ҳукумат кафолат гирифта буд, ки «мо барои мухолифин шароит ба вуҷуд меорем, ки онҳо дар интихобот иштирок кунанд, тавонанд ғалаба кунанд, ба шохаҳои ҳукумат расанд».
Баъд аз пушти сар кардани давраи гузариш дар Тоҷикистон дигар на тарафи ҳукумат мавҷуд асту на тарафи оппозитсион. Ҳама тоҷик, ҳама Тоҷикистонӣ мебошанд ва ҳар касе ба кор қабул карда мешаванд, минбаъд танҳо аз рӯи тоҷикистонӣ буданаш, барои ба халқи Тоҷикистон хизмат карданаш, ба кор пазируфта мешаванд, на аз рӯи мансубият ба ин ё он ҳизби сиёсӣ. Моҳияти ҳамаи протоколҳои дар давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон ба имзорасида маҳз аз ҳамин мақсад иборат аст, ки бо ба анҷом расидани давраи гузариш дигар на ҳукуматӣ ва на ғайриҳукуматӣ набояд бошад. Суйистифода кардан аз ин ки масалан, чаро ба мо нигоҳ намекунанд ва ё ин ки мо будему акнун моро фаромӯш кардаанд — ҳар гуна қувва ва ё ҳизбе, ки чунин даъвоҳо мекунанд, ин даъво ва ин сухани онҳо сохта мебошанд. Зеро муҳлати протоколҳои имзошуда, даврони кафилҳои сулҳи мо, ҳамаи ҳуҷҷатҳо, татбиқи ҳуҷҷатҳо, созишномаҳо, бо баргузор шудани интихоботи президентӣ ва интихоботи парламентӣ 31-уми марти соли 2000-ум дар Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Дар ҳамон давра ба таври расмӣ изҳорот ҳам дода шуд, ки Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро ба охир расонд.
АМИТ «Ховар»: Мешавад гуфт, ки баъд аз соли 2000-ум дигар ҳар ҳодисаву аъмоле ки сар заданд руйи варақи тоза омадааст ва ё ба таври дигар гӯем аз сифр оғоз гардиданд ва он ба гузашта ягон рабте надорад?
Иброҳим Усмонов: Бале! Аз 31-уми марти соли 2000-ум ба ин тараф ҳар кадом ҳизб ба сари худ кор мекунад. Иттиҳоди ҳизбҳо аз 31-уми марти соли 2000-ум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Албатта ҳар ҳизб ҳуқуқ дорад дар бораи аз чизе норозӣ будани худ изҳорот диҳад, ин ҳуқуқ ва кори ҳар ҳизб ҳаст, вале агар аз номи дигарон, бо истифода аз номи дигарон баромад кунад, ин аллакай амали нодуруст мебошад.
АМИТ «Ховар»: ҲНИТ изҳор кардааст, ки мо ваҳдатро «бойкот» кардем, оё онҳо ҳуқуқ доранд сулҳи як миллат, як кишварро «бойкот» кунанд?
Иброҳим Усмонов: Аввал ин ки ваҳдат бо «байкот» кардани як кас — ду кас ва ё як ҳизб аз байн намеравад. Дигар ин ки, ваҳдат ин ба вуҷуд омадани иттиҳодро ифода мекунад. Агар онҳо дар ҳақиқат ҳам гуфта бошанд, ки мо ваҳдатро «байкот» кардем, пас онҳо гуфтан мехоҳанд, ки мо дигар бо роҳи ваҳдат пеш рафтан намехоҳем. Инро ҳамин хел маънидод кардан мумкин аст. Ва ё онҳо гуфтан мехоҳанд, ки мо дигар ба сулҳи Тоҷикистон шарик нестем.
Саволи дигаре пайдо мешавад, ки онҳо ба кӣ арз кардаанд? Масалан, нерӯҳои сулҳсози СММ дар Тоҷикистон фаъолияти худро соли 2007-ум ба анҷом расониданд. Охирин роҳбари он муҳтарам Сатиров буд. Яъне, СММ ба амалиёти худ барои сулҳсозӣ дар Тоҷикистон кайҳо нуқта гузоштааст. СММ ҳанӯз соли 1997 боварии қатъӣ ҳосил кард, ки Тоҷикистон бо роҳи сулҳу осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмии ҳамаи ҷонибҳо, бе мавҷудияти кадом сохтори алоҳида пеш рафта метавонад, бинобар ҳамин фаъолияти худро ба анҷом расонид. Аммо ҳар норозигие, ки аз тарафи кадом ҳизбе ё нерӯе пайдо шуд ба он марҳала тааллуқ дошта наметавонад.
АМИТ «Ховар»: Шумо ёд доред, ки соли 1991-ум низ як гурӯҳ созмону ташкилотҳои демократӣ ба ФР муроҷиат карда буданд ва барои баррасии он муроҷиат ба Душанбе аз Маскав як гурӯҳ «падарони демократияи рус» омада буданд, ки баъд аз дахолати онҳо вазъият дар Тоҷикистон мураккаб шуд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, нерӯҳои солим дар канор рафтанд ва дар майдон ҳамон нерӯе монд, ки бо зури силоҳ ва тарс додан мехост ҳукуматро ба даст гирад. Оё эҳтимоли такрор шудани он ҳолат вуҷуд дорад?
Иброҳим Усмонов: Бояд гуфт, вақте он нерӯҳо ба Маскав муроҷиат карда буданд Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва он муроҷиату он вокунишҳои Маскав мантиқ дошт, ки мехост дар як ҷумҳурии дигари шӯравӣ низ режими комунистӣ аз байн равад. Аммо имрӯз ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба кӣ муроҷиат кардааст? Магар мо пойбанд ва ё дар таркиби сохтории ягон созмони байналхалқӣ ҳастем, магар мо вобастаи он кишварҳои кафил (кафолатҳое, ки муҳлаташон расман ба анҷом расидааст) ҳастем? Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунад, бо онҳо созишномаҳои гуногун оид ба ҳалли ин ё он масъала мебандад, бо ташкилотҳои байналхалқӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шарик ҳаст, на ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон. Ин ҳукумат бояд ба ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат кунад, на кадом як ҳизби дохилӣ. Агар аз кори дохилии кишвари мо кадом ҳизбе норозӣ шуда бошад ва манфиати худашро ба воситаи ташкилотҳои байналхалқӣ ҳимоя кардан мехоста бошад, пас он бояд ҳамчун ҳизб баромад кунад, на ҳамчун намояндаи як гурӯҳи дар кадом вақт буда. Ҳеҷ ҳизб ҳақ надорад даъво кунад, ки мо меросхӯри Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳастем. Дар Тоҷикистон чунин меросхӯр нест, на ҳизби демократ, на ҳизби наҳзати ислом, на дигар қувваҳое, ки дар он сулҳ шарик буданд. Инҳо меросхӯр нестанд, зеро онҳо ҳамаашон фаъолияти худро аз нав оғоз кардаанд. Як протокол ҳаст бо номи протоколи сиёсӣ, ки агар хато накунам 19-уми моҳи майи соли 1997-ум дар Бишкек ба имзо расида буд. Дар он протокол гуфта мешавад, ки ҳизбҳои сиёсии иштирокчии ин воқеаҳо аз нав номнавис намешаванд ва ё агар фаъолияташон манъ шуда бошад Суди олии Тоҷикистон он гуна қарорро бекор мекунад. Аз ҳамин протокол ҳизби наҳзат истифода бурд ва як қисми ҳизби демократ низ истифода бурд. Акнун онҳо ба сифати ҳизб дар майдони сиёсӣ монданд ва минбаъд ҳар кадоме аз онҳо бо роҳи худ, (демократҳо бо роҳи худ, исломиҳо бо роҳи худ) фаъолият карданд. Аммо саволи дигаре пайдо мешавад, ки оё он фаъолияти ҳизбҳо ба фаъолияти ҳизбӣ мувофиқ буд ё не? Фикр мекунам, мушкилот аз ҳамин ҷо сар зад, яъне дар паҳлӯи фаъолияти ҳизбӣ фаъолияти динӣ низ ба вуҷуд омад. Фаъолияти динӣ, ман гумон намекунам, ки ба фаъолияти ҳизбӣ мувофиқат мекарда бошад, ҳизб дигар аст, дин дигар. Агар ҳизби наҳзат мувофики мақсаде, ки дар наздаш гузошта шуда буд, яъне тибқи қонунҳои кишвар, бо риояи системаи давлатии дунявии Тоҷикистон фаъолият мекунад, яъне агар фаъолияташ ба инкишофи демократии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад, пас он метавонад фаъолияташро идома диҳад, лекин агар ба ин мувофиқат намекарда бошад, пас мақомҳое, ки ба ин кор машғуланд, бояд ин масъала, тақдири минбаъадаи ҲНИТ-ро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Асоси ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба имзорасида протоколи 17-уми августи соли 1997 ба ҳисоб меравад, ки дар он гуфта шуда буд, ки риояи Конститутсияи Тоҷикистон вазифаи асосии сулҳсозӣ дар Тоҷикистон мебошад.
АМИТ Ховар: дар яке аз маҳфилҳои «Гуфтугӯи тамаддунҳо» вобаста ба пойдории сулҳи тоҷикон Шумо таъкид карда будед, ки «Чунин сулҳ дигар намешавад!»
Иброҳим Усмонов: Рост аст! Он чизе ки ба даст овардем бо ҳама нозукиҳояш, бо ҳама камбудиҳояш, ба манфиати миллати мо анҷом ёфт. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ин сулҳро нигаҳ дорем ва ҳифз намоем.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбати самимӣ.








Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст






