Ифтитоҳи Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ

Июль 30, 2015 07:47

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Баъди гузоштани санги асоси шаҳраки нав дар мавзеи Тем Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзиширо барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд.

Барои сохтмони ин иншоот, ки масоҳати умумии он зиёда аз 1 гектарро ташкил медиҳад, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои якачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, утоқҳои корӣ ва мехмонхона мебошад.

Ҳамзамон дар дохили бино 5 толори алоҳида барои варзиши намуди бокс, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гуштин ва фитнес сохта шудааст.

Бо бунёди ин маҷмааи варзишӣ ба тамоми мардуми фараҳманди кишвар ва махсусан варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкон фароҳам оварда шуд, ки дар он тамоми фасли сол мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ доир карда шаванд.

Дар рафти боздид Президенти мамлакат бо варзишгарони наврас теннисбозӣ кард ва дар ракеткаи яке аз бозингарони наврас барои хотира соядаст гузошт.

Дар толори фитнес, ки асосан дар он ҷавондухтарон ба тамрин машғул буданд, Сарвари давлат онҳоро ба машқи пайваста ва ба воситаи варзиш солим нигоҳ доштани бадан ҳидоят кард. Зикр карда шуд, ки машғулияти варзишӣ барои занон хеле муфид мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои босифат ва пурраи корҳо ва ба раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои дастрас кардани таҷҳизоти муосири машқу тамрин дастуру супоришҳо дод.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо шумораи зиёди ҷавонону варзишгарони вилоят мулоқоти самимӣ доир кард.

Маҷмааи варзишӣ орзуи деринаи ҷавонон ва варзишгарони вилоят ба ҳисоб меравад ва тӯҳфаи арзандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои насли ояндасози вилоят гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Ҳукумати кишвар ба рушди таълими варзишӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати такмили фаъолияти мактабҳои варзишӣ чораандешӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки дар 10 мактаби варзишии вилоят ҳамарӯза 3045 нафар варзишгар, аз ҷумла 607 духтар дар 289 гурӯҳ тамрин менамоянд, ки ба онҳо 189 мураббӣ дарс медиҳанд.

Дар шароити фароҳамоварии заминаҳои зарурӣ варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва унвонҳои варзишӣ гардидаанд.

Баъди суханронӣ дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қувваозмоии финалии паҳлавонон дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гуштини миллӣ баргузор шуд. Барои ҷоизаи олӣ — автомошинаи сабукрав, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, варзишгарон аз дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рауф Зиёбеков ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов мубориза бурданд.

Танҳо бо бартарияти бештари имтиёзҳо Шакармаҳмад Мирмаҳмадов бар ҳарифаш пирузӣ ба даст овард. Калиди шоҳҷоиза — автомобилро дар вазъияти тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ғолиб тақдим намуд.

Дар навбати худ варзишгарон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кеманои гуштингириро туҳфа намуданд.

Сокинону варзишгарон ва собиқадорони соҳа ба фаъолият оғоз бахшидани Маҷмааи бошукуҳи варзиширо дар шаҳри Хоруғ бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.

Июль 30, 2015 07:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад