Ифтитоҳи маркази атласу адрасбофӣ дар шахраки Сирдарё
Хуҷанд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум 1,1 км роҳи марказии шаҳраки Сирдарё пурра мумфарш хоҳад шуд. Корҳои роҳсозӣ дар ин шаҳрак бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва раиси шахри Қайроққум Матлуба Амонзода оғоз ёфтанд.
Баҳри иҷрои дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ дар ин шаҳрак инчунин маркази таълимии атласу адрасбофӣ ба фаъолият оғоз кард. Ба ин марказ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ду адад таҷҳизоти адрасбофӣ ба таври ройгон тақдим гардид, ки дар натиҷа 20 нафар бону бо ҷои кор таъмин шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






