Ҷилавгирӣ аз майли ҷавонону наврасон ба нашъамандӣ
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Маркази бозомӯзии шаҳри Қайроққум дар мавзӯи “Нашъамандӣ ва таъсири он ба оила” семинари машваратии вилоятӣ доир намуд, ки он дар пешбурди корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни аҳолӣ дар мавриди пешгирӣ ва ошкор намудани растаниҳои кишташон манъшудаи дорои маводи нашъадор ва сабзиши худрӯи онҳо, ҷилавгирӣ аз майли ҷавонону наврасон ба нашъамандӣ ва иттилоотонии аҳли ҷомеа аз саранҷоми фоҷиабори ин зуҳуроти нописанди иҷтимоӣ таъсири назаррас хоҳад дошт.
Дар семинари мазкур намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахшҳои шаҳрӣ ва навоҳии он, Маркази наркологии вилоят ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ёдовар шуд, ки мушкилоти нашъамандӣ имрӯзҳо ба таҳдиди саросарӣ ба саломатии башарият ва амнияти ҷомеа бадал шудааст.
Дигар иштирокдорони семинар низ дар мавзӯи матраҳ андешаҳояшонро баён намуда, таъкид бар он доштанд, ки муқобала бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва зуҳуроти нашъамандӣ кори ҳамагонӣ буда, пеш аз ҳама, маърифати зиддинашъамандӣ бояд дар муҳити хонавода ташаккул дода шавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






