Ҳиндустону Покистон дар ҳамоиши СҲШ воридшавӣ ба созмонро оғоз менамоянд
Душанбе, 08.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Уфа раванди қабули Покистону Ҳиндустон ба созмони мазкур оғоз меёбад. Ёвари президенти Федератсияи Русия Юрий Ушаков 6 июл дар ин бора ба журналистон хабар дод.
Ҳамоиши Уфа аз 8 то 10 июл баргузор мешавад. Ушаков изҳор дошт, ки сарвазирони Ҳиндустону Покистон Нарендра Мори ва Навоз Шариф барои имзои шартнома дар бораи воридшавӣ ба CҲШ ба шаҳри Уфа меоянд. Ёвари президент ҳамчунин зикр намуд, ки дархости Эрон дар СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ин кишвар дер ё наздик ба созмони мазкур ворид мешавад, вале на пештар аз лағви таҳримоти Шӯрои амнияти СММ бинобар барномаи ҳастаии Эрон. Ушаков ҳамчунин изҳор дошт, ки 2 июл котиботи СҲШ дархости Мисрро дар бораи воридшавӣ ба созмон қабул кард.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиши СҲШ дабири кулли созмон иваз карда мешавад. Намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимов дар ин мансаб намояндаи Федератсияи Русия Дмитрий Мезентсевро иваз мекунад.
Дар ҳамоиши CҲШ ҳамчунин стратегияи рушди созмон то соли 2025 қабл карда мешавад, хабар дод Ушаков.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






