Ҳиндустону Покистон дар ҳамоиши СҲШ воридшавӣ ба созмонро оғоз менамоянд

Июль 8, 2015 04:45

Душанбе, 08.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҳамоиши  Созмони  Ҳамкории  Шанхай (СҲШ)   дар  Уфа раванди  қабули Покистону  Ҳиндустон ба созмони  мазкур  оғоз  меёбад. Ёвари президенти Федератсияи  Русия  Юрий  Ушаков  6  июл  дар  ин  бора  ба  журналистон  хабар  дод.
Ҳамоиши  Уфа аз  8 то  10  июл баргузор  мешавад. Ушаков  изҳор  дошт, ки сарвазирони Ҳиндустону  Покистон  Нарендра Мори  ва Навоз  Шариф барои  имзои  шартнома дар  бораи   воридшавӣ ба   CҲШ  ба  шаҳри  Уфа  меоянд. Ёвари  президент  ҳамчунин  зикр  намуд, ки дархости  Эрон  дар  СҲШ  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифта,  ин  кишвар  дер  ё  наздик ба созмони  мазкур ворид  мешавад, вале  на  пештар  аз  лағви таҳримоти Шӯрои  амнияти  СММ  бинобар  барномаи ҳастаии Эрон. Ушаков  ҳамчунин изҳор  дошт, ки  2  июл  котиботи  СҲШ  дархости  Мисрро  дар  бораи воридшавӣ ба  созмон қабул  кард.
Дар  назар  аст, ки  дар  ҳамоиши  СҲШ  дабири  кулли созмон иваз  карда  мешавад. Намояндаи  Тоҷикистон  Рашид  Олимов  дар  ин  мансаб намояндаи  Федератсияи  Русия  Дмитрий  Мезентсевро иваз  мекунад.
Дар  ҳамоиши  CҲШ ҳамчунин стратегияи рушди  созмон то соли  2025 қабл  карда  мешавад,  хабар  дод  Ушаков.

Июль 8, 2015 04:45

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид