Иштироки ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи ХI-уми ИБ СҲШ
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳайати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо сарварии раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода 7 июл барои иштирок дар ҷаласаи ХI-уми Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Уфаи ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия сафар намуд.
Ҷаласаи мазкур аз 7 то 9 июл идома меёбад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, гурӯҳи корӣ инчунин дар Форуми молиявии Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат менамояд. Рӯзи 8 июл раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ҳамчун раиси Бонки аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар ҷаласаи БРИКС ва баъдан дар ҷаласаи СҲШ иштирок менамояд.
Ҳайати кории «Амонатбонк» 9 июл ҳамчун узви комилҳуқуқи ИБ СҲШ дар ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкӣ ширкат мекунад.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории молиявии мутақобилаи бонкҳои аъзои ИБ СҲШ ва дастгирии молиявии лоиҳаҳои инвеститсионӣ баррасӣ мегарданд. Аз ҷумла, масъалаҳои мубрами минтақаи Осиё дар раванди ташкили чаҳорчӯбаи молиявии давлатҳои аъзои СҲШ ва фаъол намудани ташкилоту институтҳои молиявии минтақа баррасӣ хоҳанд гашт.
Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода дар ҷараёни ин сафар бо роҳбарони «Внешэкономбанк»-и Федератсия Русия, Бонки Рушди Чин ва «Ҳабиб Бонк Limited»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






