Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар пойтахт афзудааст
Душанбе, 29.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-17 корхонаи нави саноатӣ дар зарфи шаш моҳи соли равон дар пойтахти кишварамон -шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ карданд, ки корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртии «Ширкати Кока- кола нӯшокиҳои Тоҷикистон» калонтарин корхонаи саноатӣ маҳсуб мешавад.
Шӯҳрат Мақсудзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, ки масъул дар бахши иқтисоди пойтахт аст, мегӯяд: «Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи мазкур 100 млн. литр нӯшокист». «Ширкати Кока- кола нӯшокиҳои Тоҷикистон» бо 44 миллион $ бунёд шуда, дар он 120 нафар бо ҷои кор таъмин гардидааст.
Ш. Мақсудзода афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби 270 корхонаи саноатии пойтахт ба маблағи беш аз 622 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,1 млн. сомонӣ ё 11,7 % зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






