Истиқболи Оятуллоҳ Хоманаӣ аз шеърхонии шоири тоҷик
Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Шоир набояд ба масоили атрофи худ ва дунё бетараф бошад ва бо баёни афкору ашъораш дар ҷомеа таъсиргузор бувад, зеро гоҳо аз як суханронии муфассал ва тӯлонӣ як шеър муассиртар аст”. Ин матлабро Оятуллоҳ Хоманаӣ -Раҳбари Инқилоби исломии Эрон зимни дидораш бо 200 шоир аз даҳ кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Озарбойҷон дар Теҳрон баён дошт. Дидори роҳбари инқилоби исломии Эрон бо шоирон ҳар сол дар миёнаи моҳи мубораки Рамазон баргузор гардида, дар он шоирони маъруфи Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.
Дар ин вохӯрӣ аз Тоҷикистон Шоҳмансури Шоҳмирзо — адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО ширкат ва шеърхонӣ кард. Вай қабл аз қироати шеъраш гуфт, ки дар ҳеҷ кишвари дунё ба шеъру шоир чунин аҷр намегузоранд, ки дар Эрон аст. Мавсуф афзуд, ки дидори ҳарсолаи Роҳбари ин кишвар бо шоирон шаҳодати гуфтаҳост. Шеъри адиби тоҷик мавриди истиқбол ва таҳсини Раҳбари Эрон қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки адиби тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо муаллиф ва мураттибу мутарҷими беш аз 12 китоб дар Тоҷикистон ва Эрон буда, дар беш аз 40 ҳамоиш дар Эрон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Покистон суханронӣ намудааст. Инчунин зиёда аз 500 мақола дар бораи шахсиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дар матбуот ва расонаҳои Эрон мунташир намудааст. Дар соли 2011 Академияи Қафқоз ӯро ба хотири таълифи китоби «Сурмаи дил» (дар ҳамкорӣ бо падараш Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад) бо Ҷоизаи Михаил Лермонтов қадрдонӣ намуд. Вай ҳамчунин дар таҳрир, таҳия ва вироиши китобҳои «Фарҳанги имлоии хатти форсӣ ба сириллики тоҷикӣ» (Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, «Суруш», 2009), китоби «Ҳабибе аз билоди ҷовидон» ( Душанбе, «Аршан», 2011) ва маҷмўаи “Ба хуршед монад ҳама кори ту” (Хуҷанд, 2014) саҳм гузоштааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






