Истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурди Тоҷикистон

Июль 29, 2015 02:24

Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар).-Муасисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар доираи татбиқи лоиҳа оид ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав сохтмони 8 неругоҳи хурдро амалӣ кард. Аз ҷумла, дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ сохтмони НБО-и хурди Марзич — 4300 кВт, Ширкент — 576 кВт, Ҳорма — 180 кВт, Фатҳобод — 282 кВт, Питавкул — 1100 кВт, Шашболоӣ — 183 кВт ва Сангикор — 1000 кВт ба анҷом расида, неругоҳҳо ба истифода дода шуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати холдингии «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, дар НБО-и хурди «Тоҷ» корҳои танзимкунии таҷҳизоти неругоҳ пурра ба анҷом расида, неругоҳи мазкур мувозӣ ба шабакаи умумӣ пайваст ва санҷида шуд. 
Бояд гуфт, ки мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур таъмини боэътимоди қувваи барқ дар маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои дурдаст, тавлиди қувваи барқ бо роҳи аз худ кардани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд баҳри таъмини зарурияти хоҷагии қишлоқ ва рӯзгори аҳолии навоҳии дурдаст мебошад.  

Июль 29, 2015 02:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд