Истироҳати бофароғат дар «Кайҳон»
Душанбе 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз фароғатгоҳи «Кайҳон» дари худро ба рӯи фарзандони кормандони соҳаи авиатсияи кишвар расман боз кард.
Бино ба иттилои М. Шодиев, котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», имсол фароғатгоҳ дар се баст фаъолият карда, барои кор бо кӯдакону наврасон мутахассисони варзида даъват шудаанд. Ҳайати педагогӣ аз 13 нафар иборат буда, сармураббӣ, духтур, ҳамшираҳои шафқат, кормандони техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Гуфта мешавад, дар басти аввал 150 нафар, аз ҷумла, 10 нафар тарбиягирандаи Хона-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав истироҳат хоҳанд кард. Маъмурияти фурудгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони авиатсия тасмим гирифтаанд дар бастҳои дигар низ аз хона-интернатҳои ҷумҳурӣ фарзандони нафарони камбизоатро ба таври ройгон барои истироҳат ҷалб намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






