Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон доир ба тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷумҳурии Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад.
Мо ин тавофуқ ва комёбиро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон ва инчунин кишварҳои гурӯҳи 5+1 самимона табрик мегӯем.
Аз нахустин рӯзҳои музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мо бар ин мавқеъ будем, ки мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст.
Боварӣ дорем, ки тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






