Кӯлоб: содиршавии 257 ҷиноят дар 6 моҳ

Июль 10, 2015 04:54

Кўлоб,10.07.2015 (АМИТ Ховар, Фарҳоди Мадамин).- Дар нимсолаи аввали соли 2015  дар шаҳри Кӯлоб  257 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81 ҳолат зиёд  мебошад. Кушодашавии  ҷиноятҳо 93,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014- 4,4 фоиз зиёд аст.  
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб баҳри иҷро ва таъмини  қонун, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 корҳои муайянро ба сомон расониданд. 
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 12 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва  5 ҷиноят аз тарафи занҳо содир гардидааст. Шаш ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  8 адад кам мебошад. Мутаассифона, дар ин давра 44  ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳолат зиёд мебошад. 
Мақомоти ҳифзи ҳукуки шаҳр кӯшиш доранд, ки сари роҳи ҷинояткориро гиранд.

Июль 10, 2015 04:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст