Кӯлоб: вусъати корҳои сохтмонӣ дар 167 иншоот
Кӯлоб, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Дар давоми шаш моҳ аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Кӯлоб 7 иншоот ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар 167 иншооти дигар аз ҷумла, дар 24 корхонаи истеҳсолӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон 17 хонаи истиқоматӣ сохта шуда, дар 1610 хонаи истиқоматии дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
То ба имрӯз нақшаи андозҳо 117,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷа ба ҷойи 20,2 миллион сомонии пешбинишуда 23,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3,5 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






