КМИР ба гузориши ниҳоии САҲА посухи расмӣ медиҳад
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки гурӯҳи корӣ таъсис диҳад. Ҳадаф аз созмон додани ин гурӯҳи корӣ омӯзиш ва омода намудани ҷавоби расмии КМИР нисбат ба гузориши ниҳоии нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ оид ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон аст, ки 1 марти соли равон доир гардид.
Абдуманнон Додозода-роҳбари дастгоҳи КМИР дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба ҳайати ин гурӯҳ 7 нафар аъзои КМИР ва намояндагони масъули ин ниҳод шомиланд.
А. Додоев афзуд, ки алҳол ба таври расмӣ тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА ба КМИР нарасидааст, он дар сомонаи ин ниҳод ҷой дода шудааст, ки аз 31 тавсия иборат аст. Ин тавсияҳо фарогири масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихобот, ба қайд гирифтани номзадҳо ва интихобкунандагон, кор бо намояндагони васоити ахбори омма, санҷиши сатҳи забондонии номзадҳо ба вакилии Парлумон, нозирони миллӣ аз аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






