Конфронси ҳаштуми ҳарсолаи САҲА дар Душанбе
Душанбе, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ 27 ва 28 июл дар шаҳри Душанбе Машварати ҳаштуми омодагӣ аз рӯи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсониро созмон медиҳанд.
Тавре ки аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, дар машварат 120 намояндаи 29 ниҳоди ҳукуматӣ иштирок менамояд. Имсол масъалаи асосии мубоҳисаҳо иборат аз таъсири сиёсати маҳдудсозии бӯҳрон дар бахши иқтисодиёт, молия, муҳоҷират ва амният, вазъи умумии ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии хештангароӣ, ҷаласаю иттиҳодияҳо мебошад.
Дар машварат ҳамчунин масоили марбут ба ҳуқуқҳои хидматчиёни ҳарбӣ, сифати таҳсилот ва хидматрасониҳои дигар, озодӣ аз поймолкунии ҳуқуқҳо ва масоили адами шаҳрвандӣ, ҷилавгирии хушунат дар оила ва ислоҳоти милиса, ҳамчунин таъсири муҳоҷирони баватанбаргашта ба вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва амнияти иттиҳодияҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






