Корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ҷамъбаст гардиданд
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ-2015», ки ҳар сол бахшида ба ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, дар давраи ҳисоботӣ дар моҳи июни соли равон ҷамъбаст гардид.
Тавре ки дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст, дар озмуни мазкур 13 муассисаи тахсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 146 кори илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёнро манзур намуданд. Аз ин миқдор корҳои пешниҳодгардида 28 кор сазовори дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва ифтихорнома гардид, ки 15 дипломи дараҷаи 1, 12 дипломи дараҷаи 2, 3 дипломи дараҷаи 3 ва 3 ифтихорнома аз ҷумлаи он мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






