Кормандони АНМН аз шаҳрванди ҶИА 20 кг бангдонаро мусодира карданд
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони Шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз 5 июл дар деҳаи Дуробаки ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвози ВМКБ сокини 33-солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳуриии Исломии Афғонистонро дастгир намуданд. Ҳангоми дастгиркунӣ номбурда ба кормандони агентӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, захмӣ гардид.
Кормандони агентӣ аз ӯ як адад халта мусодира намуданд, ки дар дохили он тахминан 20 кг маводи нашъаовари бангдона мавҷуд буд. Аз ӯ як адад таппончаи бе рақаму соли истеҳсол бо 7 тири ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Инчунин ҳаммаслаки ӯ — сокини ноҳияи Дарвоз муайян гардид. Ҳоло тадбирҳои фаврӣ барои муайян намудани бошишгоҳ ва дастгир кардани ӯ андешида шуда истодаанд.
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сокини 34-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир намуданд.
Аз ӯ як халта мусодира гардид, ки дар дохили он маводи чоркунҷашакл ва растаниҳои дорои бӯи махсус мавҷуд буданд.
Тавре ки мутахассисони Шуъбаи ташхиси судии агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда 641 гр бангдона ва тахминан 4 кг ҳашиш мебошад.
Ҳоло тафтишоти пешакӣ муайян намуда истодааст, ки маводи нашъаоварро кадом шаҳрванди Тоҷикистон нияти харидан дошт..
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






