Кумакҳои пулии Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои хонаашон вайроншудаи Рашт расонда шуд
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои пули Сарвари давлат ба ноҳияи Рашт рафт.
Дар ин сафар Сарвазири мамлакат аз мавзеъҳои офати табиӣ дидан карда, кумакҳои пулии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаҳои хонаашон пурра ва қисман вайроншуда расонид. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқа, ки бар асари офати табиӣ 35 хона пурра ва 8 хонаи дигар қисман вайрон шуда буданд, ба соҳибони ин хонаҳо кумаки пулии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар оилаи хонаашон аз офатҳои табиӣ пурра вайроншуда 10 ҳазор сомонӣ ва барои ҳар оилаи хонаашон қисман зарардида 6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки сокинони зарардидаи ноҳияи Рашт бо маводи ғизоӣ, нерӯи барқ, алоқа ва маҳсулоти сохтмони пурра таъмин гашта, ҳоло бунёди манзилҳои истиқомати шурӯъ шудааст. Инчунин, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, аз ҷумла барқарорсозии роҳҳо бо суръат идома доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






