Кумаки аъзои Маҷлиси миллӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи якмоҳаеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои узвияти Маҷлиси миллӣ буданашон мегиранд, инчунин маоши якмоҳаи кори асосиашонро ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равон мекунанд. Ин тасмим 21 июл дар фарҷоми иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири расонидани кумак ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Бадахшон гирифта шуд.
Зикр гардид, ки гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво дар моҳи июл боиси об шудани пиряхҳо ва баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо гардида, дар натиҷа дар минтақаҳои шарқи ҷумҳурӣ ҳодисаҳои табиӣ-техногенӣ ба амал омаданд, ки он хисороти ҷонию молӣ ба бор овард. Хусусан дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои 16-18- уми июл бар асари ҳодисаҳои табиӣ 56 хона пурра хароб гардида, даҳҳо манзили истиқоматӣ зарар диданд. Инчунин 2,5 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии масири Хоруғ-Мурғоб ва даҳҳо иншооти дигар осеб диданд. Ҳамзамон дар ноҳияи Ванҷ бар асари омадани сел шаш нафар ва дар ноҳияи Рашт 1 нафар ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






