Кумаки Маркази хизматрасонӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа
Кӯлоб, 28.07.2015(АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Тибқи иттилои Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар хона ба 320 нафар, аз ҷумла ба 200 нафақахӯру маъюби бесаробон ва 120 кӯдаки имконияташ маҳдуд аз оилаҳои ниёзманд хизмати иҷтимоӣ расонида шуд. Аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоӣ то ба имрӯз 16 маъюб бо аробачаи маъюбӣ, 3 нафар бо асо ва 4 нафар бо асобағал таъмин гардид. Дар ин замина 19 нафар имтиёздор бо роҳхат ба осоишгоҳҳо баҳри табобат ва истироҳат равон карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






