Кумитаи забон номгузории лавҳаю овезаҳоро месанҷад
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишаст зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби гурӯҳҳои кории санҷишии кумита дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба номгузорӣ ва лавҳаю овезаҳои 78 ташкилоту муассиса ва марказҳои хизматрасонии маишии ноҳияҳои пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






