Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Мирон ).- Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар осоишгоҳи «Санавбар»-и шаҳраки Роғун курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён дорад.
Дар курси бозомӯзи 72 нафар раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок доранд.
Мақсад аз баргузории курси бозомӯзӣ таҳкими фаъолияти ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, омӯзиши роҳҳои амалигардонии ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, хабардор гардонидани кормандони ҳизбӣ аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон, паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, амният, омӯзиши равандҳои сиёсӣ, ҳифзи забони давлатӣ, масоили вобаста ба занон ва сарварӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки курси бозомӯзӣ то 10 июли соли ҷорӣ идома намуда, дар он кормндони дастгоҳи КИМ, кормандони сохторҳои гуногун, мақомоти давлатӣ ба иштирокчиёни курс дарс мегӯянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






