Маҳви 23 шибҳинизомӣ ва як фармондеҳи Толибон

Июль 6, 2015 02:48

 Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Беш аз 10 шибҳинизомии Толибон дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Афғонистон  дар вилояти Форёб, дар наздикии марз бо Туркманистон кушта шуданд. Ризо Ризо, сухангӯи сипоҳи низомии шоҳин- 209 гуфт, ки 23 нафар аз аъзои гурӯҳи шибҳинизомии Толибон пас аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар минтақаи Дилбӣ маҳв гардиданд. Вай афзуд, теъдоде аз  шибҳинизомиёни хориҷӣ, аз ҷумла шаш шаҳрванди Покистон ва як шаҳ рванди Ӯзбекистон дар миёни кушташудагон қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, неруҳои ҳукуматии  Афғонистон як фармондеҳи калидии ҷангиёни Толибон  дар вилояти Ҳиротро низ нобуд кардаанд. Тибқи гуфтаи Сардори пулиси вилояти Ҳирот Абдул Маҷид Розӣ, Ҳоҷи Вазир, фармондеҳи Толибон дар ғарби Афғонистон дар натиҷаи  гузаронидани амалиёт дар як манзил безарар гардонида шуд.

Июль 6, 2015 02:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард