Маблағҳои грантии Кумитаи кор бо занон ва оила аз худ карда шудаанд
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- Палатаи ҳисоб дар мавриди санҷиши аудиторӣ оид ба иҷрои нақшаи хароҷотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомўзӣ ҷалб намудани онҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҳисоби маблағҳои грантии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2013-2014 теъдоди 118 грант ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ ҷудо карда шуда, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва беназоратии роҳбарияти кумита, аз ҷониби занҳои соҳибкор ва шахсони миёнарав бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтакорона маблағҳои грантӣ дар ин давра дар 22 ҳолат ба қадри 500 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, зимни санҷиш аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоршуда 68,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ барқарор карда шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл иброз дошт, ки ҳоло санҷишҳо дар ин самт идома доранд. Тибқи иттилои кумита имсол 245 лоиҳаи грантӣ ба комиссия ворид шудааст. Масъулини кумита имсол бо татбиқи қарори Шӯрои кумита талаботи иловагиро барои довталабон ворид намудаанд. Аз ҷумла, акнун ҳар як грантгиранда ҳангоми пешниҳоди лоиҳа барои суҳбат ба комиссияи экспертӣ даъват мешавад ва кумита мақсад дорад бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда ва дар ҳолати зарурӣ фаъолияти кунунии довталаб санҷида хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






