Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” дар Шоҳигарии Белгия
Душанбе, 09.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар намоишхонаи марказии шаҳри Брюггеи Шоҳигарии Белгия бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ва таҳти сарпарастии Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат (ш.Брюгге) Владимир Чикин 8 июл маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” баргузор гардид. Намоишгоҳ то 22 июл давом мекунад. Боиси зикр аст, ки маводи намоишгоҳи мазкур дар ҷараёни сафари эҷодии В.Чикин ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон омода шуданд.
Дар назди ҳозирин Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ва Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат Владимир Чикин сухан гуфтанд.
Ҳадафи намоишгоҳ — муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи рушди дунявӣ ва демократӣ, ҷанбаҳои асосии табиати нодир ва зебоманзари он, бинову иншооти меъморӣ, таърихӣ ва муосири шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои наздишаҳрӣ бо иштироки гурӯҳи балетии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд, ки имсол 75-солагии худро таҷлил мекунад. Дар ҳошияи чорабинӣ ҳамчунин навори видеоии махсус омодашуда дар бораи мавзеъҳои тамошои пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе намоиш дода шуд.
Сафорат дар якҷоягӣ бо Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат нақша дорад намоишгоҳи мазкурро дар шаҳрҳои Брюссел, Намур, Гаага, инчунин дар мақарри созмонҳои байналмилалӣ доир намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






