Маслиҳати ҳуқуқӣ ба 300 нафар муҳоҷири меҳнатӣ дар фурудгоҳ
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи баҳисобгириии муҳоҷират ва назорати рафту омади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳафтаи равон бо зиёда аз 300 нафар шаҳрванд- муҳоҷири меҳнатӣ мулоқот доир намуда, оид ба будубоши шаҳрвандон дар Русия, гирифтани патент, супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР суҳбатҳо ороста шуда, бо истифода аз буклетҳо ва дигар маводи иттилоотӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар, дурӣ ҷустани муҳоҷирони тоҷик аз равияҳои иртиҷоӣ ва ифротгароӣ ва шомил нашудани муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва паёмадҳои нохуши гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои тундгаро маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дод шуданд.
Аз ин лиҳоз, аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш мешавад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Русия ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати он дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






