Мавқеи Маркази исломии Тоҷикистон нисбат ба муроҷиати раёсати олии ҲНИТ ба Дабири кулли СММ ва роҳбарони кишварҳои кафили сулҳи тоҷикистон

Июль 3, 2015 12:25

Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ў бод.
Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун мақоми масъули дину диндорӣ  дар Тоҷикистон аз изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ ва муроҷиати он ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурўҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон — Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркманистону Қирғизистон ҷиҳати халалдор шудани Созишномаи сулҳ ва пешомади хатар ба суботи минтақа шадидан нигарон мебошад ва ин амалкарди раҳбарияти ҳизбро дар шароите, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 18-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳи сартосарӣ ва оромишу субот чанд рўз қабл таҷлил намуданд, ба ҷуз иғвои навбатӣ ва дасисаи ниҳоят муғризона чизи дигаре эътироф намекунад.
Агар ин иқдом як ё ду сол баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешуд, муаллифонро фаҳмидан мумкин буд: ибтидои ҳар амали бузург баъзан ноҳамвориҳое дорад, ки онҳоро тавассути муколамаву музокирот ҳал кардан имконпазир аст. Аммо ин муроҷиати ҲНИТ баъди 18 соли татбиқи Созишномаи сулҳ садо медиҳад ва дар ҳоле, ки пиру барно ва фақиру дорои Тоҷикистон аз тинҷиву амонӣ ва осудагиву субот ифтихор мекунанд, муддаиёни ҲНИТ изҳори ташвиш доранд, ки сарнавишти сулҳ дучори хатар аст.
Тўли 18 соли баъди имзои Созишномаи сулҳ Тоҷикистон аз як кишвари шабеҳ ба як деҳкадаи вайрону валангор ба як мамлакати  неруманд аз нигоҳи иқтисоду фарҳанг ва илму ҳунар табдил ёфт, ба таври расмӣ дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ ҳамчун кишвари рў ба тараққӣ эътироф шуд, ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта гардид. Омори зиёде овардан мумкин аст, ки вазъи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳоли кунунӣ муаррифӣ кунад, аммо тавре ки дар урфият мегўянд: он чи ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст…
 Муаллифони муроҷиат ба СММ ва як идда созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон аз он бонги хатар задаанд, ки имрўз дар аҳдномаи сулҳ ихтилоф шуда, суботи кишвар ва ҳатто минтақа зери хавф қарор гирифтааст. Онҳо як ҷониби музокироти сулҳ буданашонро на як бору ду бор, балки ҳамасола таъкид мекунанд ва аз нақзи ҳуқуқашон дар ин бобат хотирнишон месозанд. Ин даъвӣ комилан нодуруст ва ҳатто ғайримантиқӣ менамояд, чун агар ба таври сарсарӣ ҳам бо асноди Созишномаи сулҳ ошно шавем, хоҳем дарёфт, ки сулҳи тоҷикон натиҷаи 21 музокирот дар тўли чаҳор сол бо созмоне таҳти унвони ИНОТ буд ва агар онро шарҳ диҳем, Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни тоҷик хоҳад буд. Дар ин созмони мухолифи Ҳукумат чандин ҳаракату гурўҳҳо ва ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳое буданд, ки ҲНИТ ба таркиби он шомил буд. Яъне мантиқан ҲНИТ ҳамчун як ҳизби дорои характери динӣ ба таркиби ИНОТ дохил буд ва музокирот бо ИНОТ сурат мегирифт, на фақат бо ҲНИТ… Аз ин рў, худро як ҷониби комилан мустақили Созишномаи сулҳ пиндоштани муаллифони изҳорот иштибоҳи бузургест. Дар ин хусус даҳҳо тадқиқот аз ҷониби муҳаққиқон сурат гирифта, роҳи тўлонии музокироти сулҳ қадам ба қадам рўшан шудааст.  Биноан, худро як ҷониби музокироти сулҳ эътироф кардани ҲНИТ ба ягон чаҳорчўбаи мантиқ намеғунҷад.
Дар изҳорот ягон далели дақиқ нест, ки кадом банду санади Созишнома вайрон шудааст, ба ҷуз ин ки гўиё Ҳукумат бо таъқибу фишор садди фаъолияти ҲНИТ мегардад… Бонги хатар задан аз он ки суботи дохилӣ ва ҳатто минтақа халалдор мешавад, ба чӣ маъност? Бояд бо тамоми масъулияте, ки назди ҷомеаи муслимин дорем, бигўем, ки сулҳи тоҷикон на танҳо вайрон нашудааст, балки сад дар сад иҷро шуда, боиси ибрати дигар халқу қавму миллатҳо ҳам шудааст.
Имрўзҳо даҳҳо кишварҳои ҷангзада сабақи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҷрибаи суботи Тоҷикистонро барои дигарон тавсия медиҳанд. Муҳимтарин ҳадафи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расидан ба сулҳи сартосарӣ, аз ғурбат вориди ватан овардани фирориён, тақсими ҳокимият-таъсиси саҳмияҳои сифоиза ба хотири ба вуҷуд овардани эътимоди дуҷониба ва бунёди як ҷомеаи демокративу қонунасос буд, ки ҳамаи ин аҳдоф комилан иҷро шудаанд.
Магар қатъ шудани ҷангу хунрезӣ ва муттаҳид шудани миллат самараи сулҳ нест? Магар аз 85 фисад то ба 32 фоиз паст шудани сатҳи камбизоатӣ нишондиҳандаи беҳ шудани зиндагии омма нест? Муаллифони изҳорот зери ибораи «иҷро нашудани Созишномаи сулҳ» чиро дар назар доранд, номаълум аст ва маҳз ҳамин умумигўӣ боиси шармсории онҳо назди ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.
Дар изҳорот омадааст, ки «…ноком гаштани таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ ва ваҳдатсозии миллати тоҷик бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дар ҳамаи равандҳои минбаъдаи кишвари мо ва минтақа хоҳад расонд…». Агар ишораи муаллифони муроҷиатномаи ҲНИТ дар пасманзари ин ҷумла нокомиҳои ҲНИТ дар арсаи сиёсат ва махсусан интихоботи парлумонӣ, боздошт шудани баъзе аъзои ин ҳизб дар амалҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ғайри қонуни гирифта гаштани яроқ, азхудкунии амволи ғайр, қаллобию дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бошад, пас онҳоро бояд ҳушдор дод, ки як маротиба бандҳои алоҳидаи Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллиро варақ зананд, то дар кадом банди он омадааст, ки бояд аъзои ҲНИТ умрбод аз ҷавобгарӣ барои дилхоҳ ҷазо озоданд ва ҳаркасе, ки аъзои ин ҳизб шуд, бояд ҳатман бологузару дахлнопазир бошад?Ноком шудани ҲНИТ ҳаргиз маънои ноком шудани таҷрибаи нодири сулҳофаринии тоҷиконро надорад. Сулҳи мо ҳаргиз ноком нашудааст ва инро нобинои асобадаст ҳам мебинад. Агар сулҳ ноком мешуд, пас ҲНИТ то ҳол чӣ гуна фаъол мебуд? Мантиқ куҷост? Ё худ дар интихоботи парлумонӣ раъйи ками мардумро соҳиб шудани ҲНИТ магар айби созишномаи сулҳ аст? Шояд дар “Созишнома”-и сулҳ нокомили онҳо гуфта шудааст, ки мардум ҳатман ба ҲНИТ овоз диҳанд?
Муаллифони муроҷиатнома фаромўш кардаанд, ки аз сулҳи тоҷикон то имрўз 18 сол сипарӣ шудааст. Дар ин миёна тафаккур, ҷаҳонбиниву тарзи зист ва маънавиёту ахлоқ, хуллас, ҳама анвои андешаву назар таҳаввул ёфт. Имрўз мардум сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд, зиндагиву фаъолият дар Тоҷикистонро бо кишварҳое чун Сурияву Ироқ, Афғонистону Нигерия, Мисру Фаластин муқоиса мекунанд, ҳаёти ояндаи фарзандону пайвандонашонро дар мизони андеша бармекашанд ва рўзгори ободашонро ба ҳеҷ ваҷҳ дубора зери хатари муноқишаву муқобала қарор додан намехоҳанд. Ана ин аст муҳимтарин натиҷае, ки тўли 18 соли амали Созишномаи таърихии соли 1997 ба амал омадааст. Тафаккури мардум ва муносибати он ба воқеият комилан воқеъбинона шудааст.
Бояд гуфт, ки ноком шудани ҲНИТ дар интихобот ба баъзе аъмоли бад даст задани аъзои ин ҳизб, ки як раванди комилан оддӣ ҳисоб меравад, вобаста аст. Мардум дар фазои озод ҳизбу афроди дилписандашро интихоб мекунанд, гунаҳкорон ба ҷазо кашида мешаванд ва назди қонун фарқе надорад, ки ҷинояткор шомили кадом фирқаву ҳизбу ҳаракат аст. Инҳо амалҳое мебошанд, ки  дар таҷрибаи тамоми кишварҳо маъмуланд, зиёда аз ин, дар кишварҳои демократӣ хостаҳои аксарияти мардум ба инобат гирифта мешаванд. Имрўз ҲНИТ мақому эътиборашро аз даст додааст, инро пинҳону рўшан мардум мегўянд, мавқеъ ва муносибаташонро дар воситаҳои ахбор баён медоранд. Аз ин фоҷиа сохтани дастандаркорони ҲНИТ камоли беандешагист. Вуҷуди ҳар ҳизбу созмони иҷтимоӣ ба раъй ва ниёзҳои мардум бастагӣ дорад. Агар ниёзе ба мавҷудияти ин ё он ҳизб набошад, он табиист, ки аз саҳнаи сиёсат хориҷ мешавад. Таҷрибаи сиёсии даҳҳо кишварҳои олам ба ин гуфтаҳо гувоҳанд. Аз ин хотир, тамоми бадбахтиҳо, нокомиҳо ва шикасту рехти ҲНИТ-ро ҳамчун фоҷиаи миллӣ ва иҷро нашудани Созишномаи сулҳ дар сатҳи миллат баровардан ва ба даҳҳо созмонҳову кишварҳо муроҷиат карданро, як амали бехирадона баҳо додан мумкин аст.
Маркази исломии Тоҷикистон ва ниҳоди раҳбарии он — Шўрои уламо даҳҳо далелҳои шаръӣ дар хусуси ноҷоиз будани ҳизби исломӣ дорад ва ҷомеаи муслимини кишвар аз онҳо огоҳанд. Ҳоҷат ба баёни муфассали онҳо дар ин баёния нест. Он чи ки гуфта шуд, кифоят аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз нодуруст будани ин амали раҳбарияти ҲНИТ дар мавриди муроҷиаташон ба СММ ва дигар ниҳодҳо огоҳӣ ёбанд.
ҲНИТ бо ин муроҷиатномаву изҳорот мехост обрўву манзалат ва қадру қимати миллат ва давлати Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ камарзиш нишон бидиҳад. Ин тирашон ба нишон намерасад, зеро ҳоло на соли 1997, балки соли 2015-ум аст ва Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари ободу осуда ва рў ба рушду пешрафт мавқеи мустаҳкам дорад.
 

 

Июль 3, 2015 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад