«Меҳровар» бунёд мешавад
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар ноҳияи Ҳисор Мактаби махсуси духтаронаи «Меҳровар» бунёд мешавад. Сохтмони он моҳи августи соли равон оғоз ёфта, дар назар аст мактаб дар соли нави таҳсили 2016-2017 хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Мактаб барои духтарони душвортарбияи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда, ба он 350 духтари аз 11 то 18 сола қабул мешавад. Дар мактаби мазкур духтарон на танҳо ба таълим фаро гирифта мешаванд, балки ба онҳо касбҳои гуногун, аз ҷумла, дӯзандагӣ, пазандагӣ, қаннодӣ ва бофандагӣ омӯзонида мешаванд.
Дар ин бора директори Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои бачагони душвортарбия Низомхон Бобоев иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






