Муҳокимаи масоили такмили инфрасохтори нақлиёти Тоҷикистон

Июль 2, 2015 06:46

Душанбе, 02.07.15. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Вазири   нақлиёти  ҷумҳурӣ  Шералӣ Ганҷалзода ва  намояндагони  корпоратсияи   ZTE (ҶМЧ)  дар  Тоҷикистон масъалаи ҳамкории  дуҷониба дар  амри навсозии  роҳҳои   нақлиётии  дорои  аҳамияти  минтақавиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Бино ба  хабари Вазорати  нақлиёти  Тоҷикистон,  корпоратсияи ZTE соли  1985 таъсис ёфта, аз  нигоҳи  ҳаҷм  дуввумин ширкати  тавлидкунандаи таҷҳизоти телевизионию иртиботӣ ва  телефонҳои  мобилӣ дар  Чин  ба шумор  меравад. 
Ширкати  мазкур  дар Чин,  ИМА, Шветсия  ва  Куриё  13  маркази  илмию тадқиқотӣ  дошта, бо  ширкатҳои  калони ҷаҳонӣ, аз  қабили Intel, Microsoft, IBM, Alcatel, Qualcomm, Analog Devices, Accenture, Texas Instruments, Freescale, Agere Systems ва ADI ҳамкорӣ  дорад.

 

Июль 2, 2015 06:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд