Мубин Эргашев сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуд

Июль 29, 2015 09:27

Душанбе,29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони  Қурбон).-Шоми дирӯз сармураббии дастаи  “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мубин Эргашеви 41-сола дастаи мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Бояд  зикр  кард, ки  бозии наздиктарини дастаи  миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе ба муқобили тими мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015 баргузор мешавад. Ёдовар  мешавем, ки  Мубин Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки чанд рӯз пеш баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард. Бояд гуфт, ки Мубин Эргашев аллакай таҷрибаи кор дар дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳайси мураббии калон дар давраи солҳои 2008 то 2013 касб кардааст. Моҳи июни соли 2013 Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуда буд. Он вақт таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар як бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон анҷом дод. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. 
Хотиррасон  менамоем, ки Мубин Эргашев имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и  Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. Дастаи  «Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.

 

 

Июль 29, 2015 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид