Мубодилаи таҷрибаи Тоҷикистон ва Латвия оид ба фаъолияти самарабахши бизнес-инкубатор

Июль 7, 2015 03:47

Душнабе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Се намояндаи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) барои мубодилаи дониш ба Латвия сафари шиносоӣ доштанд. Ҳадафи асосии сафар ин омўзиши фаъолияти Бизнес-инкубаторҳои латвиягӣ ва барномаҳои амалкунанда оид ба менторӣ дар байни занҳои соҳибкор буд.
Ҷониби қабулкунанда, Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Латвия боздидро ба Бизнес- инкубаторҳои калонтарин ва муваффақи Рига, вохўриро бо Агентии Латвия оид ба рушд ва маблағгузорӣ ташкил намуд. Малака ва таҷрибаи пайдонамуда ба АМЗСТ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои амалкунанда ва муайян кардани хизматрасониҳои нав, ки бояд аҳамият, таъсирот ва самаранокии Бизнес-инкубаторро дар шаҳри Хуҷанд фузун гардонад, кумак мерасонад. Таҷрибаи Латвия оид ба дастгирии Бизнес- инкубаторҳо аз ҷониби сохторҳои ҷамъиятӣ метавонад тарҳи асосии муколамаи давлатӣ-шахсӣ бо мақомоти давлатӣ дар вилояти Суғд гардад.
Ҳамчунин Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Латвия ва АМЗСТ имконияти татбиқи барномаҳоро оид ба менторӣ байни занҳои соҳибкори муваффақ ва оғозкунанда муҳокима намуданд. Дар асоси муҳокимаҳо АМЗСТ барномаи худро оид ба барномаи  менторӣ таҳия менамояд. Барномаи менторӣ метавонад ба баланд бардоштани иқтидори старт апперҳо ва омўзиши таҷрибаи кори соҳибкорони муваффақи Точикистон тавассути ҳамкории зич ва дастгирӣ мусоидат намояд.
Мубодилаи таҷриба дар доираи лоиҳаи «Васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занони Тоҷикистон (TWEET)» ташкил гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ менамояд. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани муҳити соҳибкорӣ, барои фароҳам овардан ва амалигардонии МХМ, ки занҳо дар Тоҷикистон роҳбарӣ менамоянд, нигаронида шудааст.

Июль 7, 2015 03:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад