Мулоқоти Э. Раҳмон бо Р. Хамитов ва боздид аз мусаввараҳои рассомону наққошони Тоҷикистон

Июль 9, 2015 06:13

Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов мулоқот намуд. 
Рустам Хамитов бори дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба густариши робитаҳои мустақим бо Тоҷикистон ва минтақаҳои он изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Бошқирдистон барои дастгирии пайваста аз фаъолияти Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва ҳам таваҷҷуҳи хосаш ба мушкилоти шаҳрвандони кишвари мо дар ин ҷумҳурии Русия арзи сипос кард.
Тавре зикр гардид, Бошқирдистон яке аз аввалин субъектҳои Федератсияи Русия буд, ки бо Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта робитаҳои мустақими ҳамкорӣ ба роҳ монда буд. 
  Боздиди порсолаи Сарвари Бошқирдистон аз Тоҷикистон ва созмон ёфтани гурӯҳи корӣ аз ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳо заминаи воқеӣ гузоштааст.
Ташкил ва вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коркарди ашёи хоми он дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба омодагии Бошқирдистон ба баргузорсозии ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ободонии бештар ва муаррифии васеи шаҳри Уфа мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов ҳамчунин намоишгоҳи мусаввараҳои рассомону наққошони маъруфи Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, зимни тамошо аз он ва зери таассуроти амиқ аз маҳсули ин ҳунарҳои воло доир ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ ҳам гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов зимни тамошои намоишгоҳ иброз дошт, ки: “Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар ҳамоишҳои сарони СҲШ ва БРИКС бо дастовардҳои пурарзиши фарҳангӣ ташриф овардааст”.
 Дар намоишгоҳ мусаввараҳои гирдовардаи коллексионери рус Юлия Вербитская аз эҷодиёти рассомони маъруфти тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон намоиш дода шуд.  
Тавре зикр гардид, ин намоишгоҳ дар доираи ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо раиси суди Третейии созмонҳои сохтмонӣ, коллексионери рус Юлия Вербитская зери унвони «Шедевры живописи горного края. Таджикистан. Пространство ШОС» таҳия гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин дӯстдори санъати тоҷик, коллексионери рус Юлия Вербитская барои таваҷҷуҳи хоссааш арзи сипос намуда, ба ӯ мусавараи “Манзараи кӯҳистон”-и Олим Рабиевро ҳадя намуд.   

 

Июль 9, 2015 06:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд