Мулоқоти намояндаҳои доимии Тоҷикистон ва ИМА дар СММ
Душанбе, 22.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 июли соли 2015 Намояндаи доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Саманта Пауэр аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дидан кард.
Зимни мулоқот Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов оид ба зарари офати табиӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон рух дода буд, маълумот пешкаш намуд.
С.Пауэр нисбат ба талафоти ҷонӣ ҳангоми офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ намуда, иброз дошт, ки муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба таваҷҷуҳи Ҳукумати ИМА пешкаш менамояд ва таъкид кард, ки Ҳукумати ИМА дар бартараф намудани зарари офати табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои Конфронси Душанбе ва ҷамъбасти даҳсолаи об, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, Саммити дар пешистодаи СММ ва чорабинии махсуси Тоҷикистону кишварҳои узви дӯстони об дар ҳошияи Саммити мазкур ибрози назар намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






