Мулоқоти сафир бо хатмкунандагони муассисаҳои олии Туркия
Анқара, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Муқим Малаев) -Имрӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, хатмкунандагони муассисаҳои олии Туркия вохӯрӣ доир кард.
Зимни вохӯрӣ сафир шароити донишҷӯён пурсон шуда, онҳоро бо хатми муассисаҳои олӣ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон тавфиқи фаровон орзу намуд. Ҳамчунин сафир бо хатмкунандагон дар мавриди ғояҳои меҳанпарастӣ, садоқат ва хизмат ба Ватан сухан гуфта, зикр кард, ки аз худ намудани касбу дониш, саъю талоши муназзам дар заминаи илмомӯзӣ аз фазилатҳоеанд, ки ниёгони бузургу фарҳангофаринамон бар он таъкиди фаровон намудаанд.
Дар навбати худ хатмкунандагон зикр намуданд, ки онҳо дар давоми донишомӯзии худ ҳамеша дар сар ҳавои ободии ватанро доштанд ва имрӯз барои онҳо таърихи фаромӯшнашаванда аст, зеро ба Тоҷикистон баргашта, саҳми худро дар пешрафт ва шукуфоии Ватан хоҳанд гузошт. Зимнан бояд зикр намуд, ки имсол муассисаҳои олии Туркияро 35 нафар донишҷӯи тоҷик хатм намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ ба хатмкунандагон тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






