Н.Салимӣ: Донишномаҳои фаннӣ интишор мешаванд

Июль 9, 2015 07:01

Душанбе, 9.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Мо бояд тарзу услуби тарҷумаи китоби дарсиро омӯзем. Дар ин самт анҷоми баъзе нақшаҳо дар назар аст. Барои мисол метавон гуфт, ки дар оянда хатмкунандагони риштаи магистратура то замоне, ки як китобро тарҷума накунанд, ба имтиҳоноти ниҳоӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ 8 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар таълимгоҳ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибаю собиқадор ва соҳибунвон гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки он ба таълиф ва таҳияи донишномаҳои фаннӣ машғул аст. Масалан, аз фанҳои химия, физика, биология, математика, география, таърих, адабиёт дар алоҳидагӣ донишнома барои донишҷӯён интишор мегардад, ки тамоми маълумотро перомуни фанҳои мазкур фарогир мешавад. Н.Салимӣ дар хусуси нашри китоби дарсӣ ва кори тарҷумонӣ  иброз дошт, ки як нафар донишҷӯи факултаи забонҳои романӣ-германӣ барои омӯзиши забони фаронсавӣ китоби дарсӣ навишт ва ин китоб аз ҷониби сафорати Фаронса қабул гардида, барои нашраш маблағгузорӣ шуд.

 

 

Июль 9, 2015 07:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад