Нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаш моҳ барзиёд иҷро шуд
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Иҷрои нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра 93,5 фоиз таъмин гардида, ба он 3,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 223,1 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 млн. сомонӣ зиёд мебошад, зикр гардид дар ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти Вазорати молияи кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба иттилои муовини вазири молияи кишвар Каримзода Ҷамшед, қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,8 млрд. сомонӣ ворид шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 59,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






