Нақшаи кишти такрорӣ 4,9 баробар зиёд иҷро шудааст
Душанбе, 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар заминҳои ҳосилаш ғундошташудаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ҷараёни кишти такрорӣ идома дорад.
То 1- уми июли соли 2015- ум дар майдони 6430,9 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Аз ҷумла, дар 1252,9 гектар ғалладона ва лӯбиёгӣ ( ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ — 126,3 гектар, дигар зироати ғалладонагӣ — 1126,6 гектар, ҷуворимакка барои дон — 54 гектар, зироатҳои техникӣ — 47 гектар, картошка — 30 гектар, сабзавот — 511,2 гектар, полезиҳои озуқаворӣ — 259,2 гектар ва зироати хӯроки чорво — 4276,6 гектар мебошад.
Хотиррасон бояд кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 кишти такрорӣ 4,9 баробар зиёд иҷро шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






