Наворбардории се филм аз ҷониби «Тоҷикфилм» ба анҷом расид
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон ва коромӯз, омода намудани кадрҳои соҳа Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории чор филми кӯтоҳро бо иштироки шунавандагони курси «Сенаристони ҷавон» ва курси режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба нақша гирифта буд, ки аз онҳо аллакай се филми кӯтоҳ — «Эълон», «Хобидан мехоҳам» ва «Умри Хайём» наворбардорӣ, таҳия ва танзим шуданд.
Гуфта мешавад, ки ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 Киностудияи «Тоҷикфилм» таҳияи филми мустанади «Рози тавлид»-ро дар коргардонии Робия Атоева пурра ба анҷом расонид. Дар коргоҳи анниматсионӣ таҳияи филми «Ҳамсояҳо» (дар 3 қисм) дар шакли 3D ба анҷом расонида шуд. Наворбардории филми ҳунарии «Садбарг» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба анҷом расида, давраи танзими он оғоз гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






