Нигаронии сардори Саридораи геология аз ҷараёни сусти корҳо дар чоҳҳои ҷануби кишвар
Душанбе, 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Сардори Саридораи геологияи тоҷик Ҷумъазод Мурод Хол аз ҷараёни корҳои пармакунии чоҳҳои минтақаи ҷанубии кишвар изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, корҳо дар ин чоҳҳо суст ба роҳ монда шудаанд.
Дирӯз, 7-уми июл зимни нашасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон аз зуд-зуд ивазшавии пудратчиёни биофизикӣ хабар дода, афзуд, ки дар ин самт корҳо суст шудаанд.
Ҳамчунин мавсуф иттилоъ дод, ки дар оянда ба роҳ мондани ҳамкории Саридора бо Хадамоти геологии Афғонистон дар назар аст. Ӯ гуфт, ки дар асоси созишномаи ҳукуматӣ миёни ин ду кишвар сар аз соли оянда ҳамкориро ба роҳ монда, корҳои иктишофии геополитикиро миёни геологҳои ду кишвар пурзӯр хоҳанд кард.
Ҳамчунин ба таъкиди Мурод Хол, дар асоси ин ҳамкорӣ метавон корҳои иктишофии нотамомро дар сарҳад бо ин кишвар ба анҷом расонд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






