Нисбат ба зане, ки се фарзандашро дар об ғарқ кард, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Нисбат ба зане, ки се фарзандашро дар об ғарқ кардааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Дар ин бора хадамоти матбуотии ВКД иттилоъ медиҳад. Тавре ки қаблан хабар додем, 4 июн тахминан соати 21:00 сокини 37-солаи ноҳияи Ёвон аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, сокини ҳамин ноҳия худро бо се фарзандаш: писари 7-сола, духтарчаҳои 6 ва 5-солааш ба канали Душанбе-Ҳисор, воқеъ дар кӯчаи Ҳаёти Нав партофтааст. Дар натиҷа ҳар се фарзанди хурдсол ба ҳалокат расида, худи зан дар беморхона бистарӣ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






