Низомиёни Сурия шаҳри Забадониро ишғол намуданд
Душанбе, 06.07.15. (АМИТ «Ховар»). Тавре ки манбаи ҳарбӣ ба агентии Sputnik хабар дод, артиши Сурия бо иштироки ҷанговарони ҷунбиши «Ҳизбуллоҳ» шаҳри Забадонӣ, воқеъ дар қисми ҷанубу ғарбии кишварро, ки қаблан силоҳбадастони мухолифин онро забт карда буданд, зери назорати худ дароварданд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, ҳамла ба ин шаҳр, ки дар 25 километрии шимолу ғарбии Димишқ воқеъ аст, субҳи рӯзи шанбе бо оташфишонии шадиди тӯпу тайёраҳо оғоз ёфта, баъди якчанд соат таҳти назорати артиш қарор гирифт.
Тавре ки агентӣ хабар медиҳад, аз ин пеш мухолифини мусаллаҳ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоияшон аз хусуси ҳалокати чанд нафар ҷонибдоронашон дар ҷараёни ҳамла хабар дода буданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






