Оғози 28-умин Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Душанбе 04.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шоми дирӯз дар шаҳри Кванҷоуи Кореяи Ҷанубӣ 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии тобистона оғоз шуд, ки он то 14 июл идома меёбад.
Дар универсиада 20 000 донишҷӯ — варзишгар аз 170 давлати дунё аз рӯи 21 намуди варзиш — гимнастикаи бадеӣ, варзиши сабук, баскетбол, ҷаҳиш ба об, шамшербозӣ, дзюдо, футбол, гимнастикаи варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, теннис, воллейбол, футбол дар об, камонварӣ, бадминтон, бейсбол, голф, гандбол, қайиқронӣ, тирпарронӣ, таэквандо — миёни ҳам рақобат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи варзишӣ се нафар донишҷӯдухтар аз намуди варзиши таэквандо муаррифӣ мекунад, ки ду нафараш пештар ба Куриёи Ҷанубӣ рафтаанд.
Ёдрас мешавем, варзишгарони мамлакат бори аввал соли 2013 дар Универсиадаи 27-ум, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия доир гардид, иштирок кард. Ҳайати варзишгар-донишҷӯёни моро 50 нафар ташкил медод. Онҳо дар ин мусобиқа соҳиби 5 медал — 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






