Омилҳои вобаста ба 29 ё 30 рӯз давом кардани Моҳи Рамазон кадомҳоянд?
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рўзи аввали ҳар моҳ дар ин солшумории ҳиҷрии қамарӣ бар асоси моҳи нав дар шомгоҳи рўзи 29 ё 30-уми моҳи қаблӣ таъйин мешавад, ки онро мушоҳида ё пешбинии мушоҳидапазирии ҳилол меноманд. Пешбинии вазъияти рўъяти ҳилол дар моҳҳои қамарӣ ба мавқеи ҷуғрофии кишварҳо дар лаҳзаи ғуруби рўзи 29-уми моҳ вобастагӣ дорад ва эҳтиёткории нозуконаро тақозо менамояд. Имконияте вуҷуд дорад, ки ҳилоли моҳи нав дар як мавзеи кураи Замин рўзи 29-ум баъди ғуруби Офтоб дида шавад, вале дар макони дигар дида нашавад. Ин ҳолат сабаби ихтилофи якшабонарўзӣ дар кишварҳои мусулмонӣ аз нигоҳи гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолии маҳаллӣ мешавад. Мутобиқи ҳукми шаръӣ агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рўзи 29-уми моҳ дида шавад, он моҳ поёнрасида ва фардо аввали моҳи баъдӣ аст.
Аз ин лиҳоз, 29 рӯз доштани рӯза вобаста ба пайдо шудани ҳилоли моҳи нав ва мушоҳидаи он аз ҷониби мутахассисони соҳа тасдиқ мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






