Парвандаи ҷиноӣ барои бо фиреб рӯёнидани 26 000 $ ИМА
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Нисбат ба роҳбари ҶДММ “Союз Сохтмон”, марди 51-сола, ки бо роҳи фиреб аз сокини 24-солаи кӯчаи Айнии пойтахт 26 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст дар ҳудуди маҳаллаи 83 аз бинои баландошёнаи навсохт ба ӯ хонаи истиқоматӣ медиҳад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
1 июли соли равон ҷабрдида ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино барои ҳалли ин масъала муроҷиат кардааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, роҳбари ҶДММ «Союз Сохтмон» пештар бо моддаҳои 247 ва 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст
Аз ҷумла, гумонбаршуда моҳи июли соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, 20 000 доллари амрикоӣ ва моҳи декабри соли 2013 бо ҳамин роҳ аз сокини 44-солаи пойтахт 48 000 -доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол ваъдаҳояшро иҷро накардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






